Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қашқадарё даҳҳо нафар ҳалок шудаанд


Шаби ҷумъа ба шанбе бар асари ба як экскаватор бархӯрдани як автобуси мусофирбар дар вилояти Қашқадарёи Узбакистон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Як корманди бемористони ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё гуфт, ба ин бемористон 23 захмиро мунтақил кардаанд ва бақия мусофирони автобус ҳама ҳалок шудаанд. Ин нафар шумори сарнишинони автобусро 53 нафар мегӯяд. Ин автобус дар масири Тошканд –Тирмиз ҳаракат мекард.
XS
SM
MD
LG