Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омори ҷадиди даргирии пулиси Эрон бо чирикиҳо


Хабаргузории эронии ИСНО мегӯяд, теъдоди қурбониён бар асари задухӯрди ҳафтаи гузашта миёни нирӯҳои пулис ва чирикиҳои курд дар устони ғарбии Кирмоншоҳ ба 26 расид. ИСНО аз қавли раҳбари қувваи қазоияи он устон Оллоҳёр Маликшоҳӣ навишт, даргирии рӯзи 24 апрел дар наздикии марз бо Ироқ дар маҷмӯъ 18 маъмури пулис ва 8 чирикии Ҳизби зиндагии озод барои Курдистонро кушта барҷой гузошт. Телевизиони Эрон ҳафтаи гузашта дар бораи ҳалокати 10 маъмури пулис ва 10 чирикӣ дар он задухӯрд хабар дода буд.
XS
SM
MD
LG