Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Русия вориди Осетияи ҷанубӣ шуданд


Хабаргузории русии Интерфакс навишт, ки нирӯҳои Русия мавзеъҳои ҷадидеро дар марзҳои Гурҷистон бо вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ ишғол кардаанд. Ин хабаргузорӣ аз қавли фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ дар минтақаи ҷануби Русия Николай Лисинский навишт, ҷузвутомҳои нирӯҳои марзбонӣ алакай вориди Осетияи ҷанубӣ гардида, ба манотиқи марзӣ эъзом шудаанд. Истиқрори ин нирӯҳо дар марзҳои Абхозистону Осетияи ҷанубӣ дар пайи рӯзи панҷшанбе имзо шудани қарордоди марбута байни мақомоти он ду вилояти ҷудоиталаб ва Русия сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG