Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон нуфузи Эрону Чинро "ташвишовар" номид


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Вошингтон бояд ба нуфузи афзояндаи Чину Эрон дар Амрикои Лотинӣ муқобила кунад. Клинтон пешрафтҳои сиёсиву иқтисодии Теҳрону Пекин дар ин минтақаро “ташвишовар” хонд. Ӯ афзуд, сиёсати маъмурияти раисиҷумҳури пешин Ҷорҷ Буш, ки дар инзивоъ қарор додани раҳбарони мухолифи сиёсатҳои Вошингтон дар Амрикои Лотинӣ, ба мисли раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавесро дунбол мекард, ба нокомӣ анҷомид ва ба нафъи Амрико набуд.
XS
SM
MD
LG