Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи хунин ба посгоҳи низомӣ дар Ғозиобод


Бар асари ҳамлаи чирикиҳо дар вилояти Кунар, дар наздикии марзи Афғонистон бо Покистон, 3 сарбози Амрико, 2 сарбози Латвия ва 3 аскари афғон кушта шуданд. Сухангӯи нирӯҳои Амрико Элизабет Матиас гуфт, ҷангиён рӯзи ҷумъа ба посгоҳи ин сарбозон бо истифода аз силоҳҳои сабук ва хумпораандозҳо ҳамла оварда, амбори аслиҳаи ин пойгоҳро таркондаанд. Мақомоти низомии Латвияву Афғонистон низ ҳалокати асокири худ бар асари ҳамлаи ҷангиён дар улусволии Ғозиободи вилояти шарқии Кунарро тасдиқ кардаанд.
XS
SM
MD
LG