Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот хабари садамаи Қашқадарёро тасдиқ карданд


Шаби ҷумъа ба шанбе бар асари ба як экскаватор бархӯрдани як автобуси мусофирбар дар вилояти Қашқадарёи Узбакистон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Мақомоти маҳаллӣ хабари сониҳаро таъйид карданд, вале мегӯянд, шумори қурбониёни садама ҳанӯз дақиқ нест. Аммо хабаргузории Интерфакс бар пояи иттилоъи манобеъаш дар вазорати умури дохили Узбакистон навишт, бар асари ин садама 26 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Автобуси навъи “Мерседес”, ҳомили 50 мусофир, дар ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё ба як экскаваторе, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯрдааст.
XS
SM
MD
LG