Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши муассисаи дидбони озодиҳои мазҳабии Амрико дар мавриди вазъи озодии эътиқод ва қонуни ахиран ба тасвибрасидаи озодии эътиқод ва муассисаҳои динӣ вокунишҳои мухталиферо дар Тоҷикистон ба дунбол дорад. Бахши ин гузориш роҷеъ ба Тоҷикистон, ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик, умдатан бар мабнои интиқодот ва назари гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки қаблан иброз намуда буданд, таҳия шудааст.

Аммо ба ҳар вуҷуд, бархе аз маҳофили мазҳбаӣ ва сиёсӣ аз тарҳи ин масъала аз сӯи як ниҳоди амрикоро истиқбол мекунанд ва
Қонуни дин догма нест, вале...
мегӯянд, дар ҳар сурат ин қонун бояд ислоҳ шавад. Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, ҳизбаш қаблан низ чунин пешниҳодотеро карда буд ва ҳатто тарҳи дигаре аз қонуни динро ба порлумон ироъа кард, вале пазируфта нашуд. Аммо акнун мегӯяд иҷрои ин қонун мушкилоти фаровонеро ба бор оварда ва муҳимтар аз ин ҳам таҷриба нишон додаст, ки қонуни мазкур як қонуни амалӣ нест. Ва ҳам давлату ҳам ҷомеаъаро ба мушкили фаровон мувоҷеҳ мекунад. Мисле, ки аз бисёр манотиқ ба гуфтаи оғои Ҳусайнӣ шикоятҳо дар мавриди маҳдудсозии ҳуқуқҳои мазҳабии шаҳрвандон ба ҲНИТ расидааст.

Дар гузориши мазкур инчунин дар марвиди маҳдудияти ақалиятҳои мазҳабӣ низ ишора меравад. Аз ҷумла гуфта мешавад, дар ҳоле, ки аҳамияти хоса ба мазҳаби ҳанафӣ дода шудааст, муҳим будани мазҳаби шиъа, ки пайравони зиёде дорад, дар қонун таъкид нашудааст. Аммо таҳлилгари тоҷик, Исмоил Раҳматов мегуяд, бо гузашти бештар аз яку ним моҳ аз қабули ин қонун маҳдудиятеро дар иҷрои расмҳои мазҳабӣ мушоҳида накардааст ва зиёда аз ин маркази исмоилиҳо дар Душанбе фаъол буда ва барои ин марказ як бинои мӯҳташам низ дар ҳоли эъмор аст.

Дар гузориши созмони амрикоӣ гуфта шудааст, ки бояд ҳукумати Тоҷикистон ва раиси ҷумҳури он бо ислоҳ кардани вазъ пойбандӣ ё садоқати худ ба мавозини байналмилалиро собит кунанд. Аз коршиноси тоҷик Сайидаҳмади Қаландар мепурсам, ки кадом меъёрҳои байналмилалӣ ҳаст, ки мешавад гуфт, қонуни озодии эътиқоди Тоҷикистон метавонад бо он дар таноқуз воқеъ шавад. Оғои Қаландар гуфт, яке Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки озодиҳои фитриро кофолат додааст ва дигаре Эъломияи исломии ҳуқуқи башар, ки Тоҷикистон соли 1999 онро имзо кардааст.

Гуфтанист, «Қонуни озодиии эътиқод ва муассисаҳои динӣ» аз қонунҳои баҳсбагангезтарин дар ин авохир будааст. Борҳо баъди қабули он низ маҳофили мухталиф гирд омада ва хостори ислоҳи қонуни дин шуданд. Мақомот агарчанд, ба дурустии мавзеъи худ таъкид мекунанд, аммо имкони ислоҳи қонунро низ рад намекунанд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар охирин конфронс роҷеъ ба ин масъала гуфта буд, «Дуруст аст, ки қонун догма нест. Аммо ин қонун баъди муҳокимаҳои тӯлонӣ қабул шуд, дар таҳияи он заҳмати зиёде харҷ шудааст. Муддати зиёде бо ширкати мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ марвиди баррасӣ қарор дошт ва чандин вақт дар кумитаҳо ва камисияҳои порлумон барасӣ шуд. Ҳамаи инро нодида гирифта намешавад. Тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад».

Қонуни баҳсабаргези дин дар Тоҷикистон аз ду сол ба ин ҷониб дар ҳоли таҳия буд ва ахиран қабул шуд. Ба гуфтаи масъулини созмонҳои мазҳабӣ ва рӯҳониён муҳимтарин мавриди маҳдудкунии қонун ин аст, ки сохтмони масоҷиди ҷамоеъаро мушкил карда, ба ҷузъ аз масҷид ва хона дар ҷои дигар гузоштани намозро манъ сохта ва таблиғи мазҳабӣ ва таълимоти диниро низ маҳдуд мекунад. Дар ҳоле, ки ҳатто қонунгузории низоми лоики шуравӣ, мегӯянд диндорон, чунин муқараротеро пешбинӣ намекард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG