Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дар Амрико танқид карданд


Як кумиссиёни махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ башиддат танқид кардааст. Дар гузорише, ки имрӯз кумиссиёни махсуси озодиҳои мазҳабии Амрико нашр кард, омадааст, ки вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон тайи чанд соли гузашта ба таври чашмгир бад шудааст. Ба гуфтаи кумиссиён ҳарчанд, Қонуни Асосии Тоҷикистон озодии мазҳабиву эътиқодро кафолат додааст, аммо сиёсатҳои давлат ва қонунҳои кишвар ин ҳуқуқи мардумро бисёр маҳдуд мекунад. Кумиссиён мегӯяд, бо назардошти таназзули озодиҳои мазҳабӣ, ин ниҳод имсол Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳое “таҳти муроқибат” ворид кардааст. Кумиссиён ба ҳукумати Амрико тавсия додааст, то аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бихоҳад, ки ба тааҳудоти байналмилалии ин кишвар ҷиҳати эҳтироми озодиҳои мазҳабӣ таъкид варзад. Гузориши солонаи Кумиссиёни нозири озодиҳои мазҳабии Амрико, имрӯз дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ карданд.
XS
SM
MD
LG