Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Эрон ҳукми эъдоми Дилоро Доробиро иҷро карданд.

Ин зани 23-сола дар қатли як хешовандаш дар овони ҳанӯз ноболиғӣ муҷрим шинохта шуда буд. Абдулсамад Хуррамшоҳӣ, вакили мудофеъи Дилоро Доробӣ дар гуфтугӯе бо Радиои Фардо таъйид кард, ки Дилоро Доробӣ дар зиндоне дар шаҳри Рашт, дар шимолу ғарби Эрон, эъдом шуд.

Доробӣ ҳанӯз дар синни 17-солагӣ бо иттиҳоми қатли духтари амаки падараш боздошт ва бо ҳамин ҷурм маҳкум ба қасос ва қатл шуда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, бо вуҷуди ин ки Эрон паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро пазируфтааст ва ин паймон иҷрои ҳукми эъдоми афроди зери синни 18-ро манъ мекунад, Дилоро Доробӣ танҳо нафаре нест, ки бо ҷурми ҷинояти дар айёми ноболиғӣ содиркардааш маҳкум ба қатл ва дар ниҳоят эъдом мешавад. Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ дар як гузориши видиёӣ ба ҳамин мавзӯъи чунунчароҳои ҳукми эъдом дар Эрон пардохтааст.





Лозим ба ёдоварист, Мӯҳсини Махмалбоф, коргардони шӯҳратёри синамои Эрон, ки дар Тоҷикистон низ чандин филм бардоштааст, дар овони наврасӣ бо ҷурми ширкат дар муқовиматҳои чирикӣ алайҳи низоми шоҳии Эрон маҳкум ба қатл шуда буд ва аммо баъдан ба маҳзи ноболиғ буданаш мавриди афв қарор гирифт ва аз зиндон раҳо шуд, то баъдан шӯҳраташ ҳамчун коргардон ҷаҳонро бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG