Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳви 15 ҷангҷӯ дар Афғонистон


Артиши Амрико хабар дод, ки имрӯз нерӯҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар як даргирӣ дар ҷануби Афғонистон 15 тан аз ҷангҷӯёнро куштанд. Ин даргирӣ баъдаи ҳамлаи ҷангҷӯён ба гурӯҳе аз нерӯҳои байналмиллаливу афғон ба вуқӯъ пайвастааст, ки барои гуфтӯгу дар мавриди амният ба назди раҳбарони рустоҳо мерафтаанд. Ба гуфтаи артиши Амрико дар ин ҷанг ягон сарбози афғон ва ё аз нерӯҳои байналмилалӣ талаф наёфтаанд ва доир ба осеб дидани ғайринизомиён ҳам гузорише нарасидааст.
XS
SM
MD
LG