Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омори нав доир ба густариши зукоми хук


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, то субҳи имрӯз 331 мавориди нави расман таъйидшудаи сирояти бемории зукоми хук дар 11 кишвари ҷаҳонро сабт кардааст. Ба гуфтаи созмон, ин беморӣ, ки аз Мексика бархост, то кунун даҳ нафарро куштааст. Зукоми хук, бемории омехта аз вирусҳои зукоми хук, парранда, инсон аст. Зуком, ки аз инсон ба инсон ҳам сироят мекунад, нигарониҳо аз густариши бемории зукоми хук дар саросари ҷаҳонро барангехтааст.
XS
SM
MD
LG