Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои аудити "Талко" нашр хоҳад шуд


Ҳукумати Тоҷикистон ваъда додааст, ки ба хотири шаффофият дар фаъолияти “Талко” то охири имсол фаъолиятҳои молии ин корхона таҳқиқ ва аз натиҷаҳои он мардум огоҳ карда хоҳад шуд. Дар барномаи ҳамкорӣ бо Сандуқи Байналмилалии Пул ҳукумати Тоҷикистон аҳд кардааст, ки як ширкати мӯътабари аудити хориҷӣ фаъолиятҳои молии "Талко" дар солҳои 2006 то соли 2008- ро таҳқиқ хоҳад кард ва то охири моҳи декабри ҳамин сол натиҷаҳои аудит дар вебсайти “Талко” нашр хоҳад шуд. Айни корро бо ширкати “Барқи Тоҷик” ҳам хоҳанд кард. Сандуқи Байналмилалии Пул дар гузашта гуфтааст, ки адами шаффофият дар корхонаҳои азими давлатии Тоҷикистон бахусус “Талко” мояи нигаронии амиқ аст.
XS
SM
MD
LG