Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба мудири IMF


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон эътироф кардааст, ки иқтисоди кишвар бар асари бӯҳрони ҷаҳонӣ аз мушкилоти сахти молӣ ранҷ мекашад ва фаъолияти иқтисодӣ дар кишвар кунд аст. Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ ба унвони Доминик Страусс Канн - мудири Сандуқи Байналмилалии Пул гуфтааст, таъсири сахти бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мояи нигаронии амиқи ҳукумат шудааст. Дар ин нома омадааст, ки рукуди иқтисодӣ дар Русия ва Қазоқистон сабаби коҳиши фавқуллодаи интиқоли пули муҳоҷирон шуда ва коҳиши талабот ва қиматҳо дар бозори ҷаҳонӣ ба содироти алюминиум ва пахтаи Тоҷикистон таъсири манфӣ гузоштааст. Ин номаро, Эмомалӣ Раҳмон пеш аз нишасти Шӯрои Мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул ирсол кардааст, ки рӯзи 21 апрел барои коҳиши таъсири бӯҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон барои кишвар 116 миллион доллар ихтисос дод. Номаи расмӣ дирӯз дар вебсайти Сандуқи Байналмилалии Пул нашр шуд.
XS
SM
MD
LG