Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев мехоҳад боз президент шавад


Ҳизби ҳокими Қирғизистон имрӯз раиси ҷумҳури феълӣ Қурмонбек Боқиевро дигарбора номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар пешниҳод кардааст. Қурмонбек Боқиев, ки даври аввали раёсати ҷумҳуриаш хотима меёбад, дархости ҳизбашро пазируфт ва гуфт, "дар рақобати дуруст барои иҷрои мақоми раиси ҷумҳур ширкат хоҳад кард, ки вазифаи аслии ӯ беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии ҳар як шаҳрванди Қирғизистон аст." Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон рӯзи 23 июл баргузор хоҳад шуд. Бар асоси Қонуни Асосии Қирғизистон раиси ҷумҳур дар ин кишвар ҳақ дорад ду маротиба ба ин мақом интихоб шавад.
XS
SM
MD
LG