Пайвандҳои дастрасӣ

Баробари ворид шудан ба боғи ботаникии Бруклини Ню Йорк ҳавои муаттар, дарахтони пургулу зебо ва муҳити тозаву сарсабз хастагиро дур месозад.

Дар ин боғ нахуст бинандаро гулҳои рангоранги лола пешвоз мегиранд. Гулзори лолаҳо бо назаррабоиву дилфиребӣ меҳмони хешро ба оғуши афсона гусел мекунанд. Боғи ботаникии Бруклин дарахтони кишварҳои гуногуни дунёро якҷо ҷамъ овардааст, ки ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ маликаи кишварашонро мемонанд, ки бо салобат ва зебоии ба худ хос қомат афрӯхтаанд. Ҳавзи пур аз сангпушту моҳиҳои ғайриоддӣ, мурғобиҳои товусмонанд ва нишастгоҳҳои бароҳат ҳузури шуморо дар боғ муассиртар месозанд.

Аммо аз ҳама мавқеи муҳим ва хоссаро дар ин мавзеъ дарахтони ҷопонӣ аниқтараш гелосҳои ҷопонӣ ишғол мекунанд, ки ин шабу рӯз онҳо соҳибҷашнанд. Аслан шурӯъ аз аввали моҳи апрел то ба аввали моҳи май ағлаби саёҳон ва сокинони Амрико танҳо ба дидани ин дарахтон меоянд. Зеро дар ин муддат онҳо ба шукуфтан оғоз мекунанд. Дар Ҷопон мавсими шукуфтани дарахти гелос чун як ҷашни баҳори таҷлил мегардад ва онро бо ҷопонӣ Сакора Матсомӣ меноманд. Дар Бруклин низ бахшида ба ин мавсим тӯли як моҳ аст, ки фестивали шукуфтани дарахти гелос созмон ёфтааст.

Лиен Лавен, масъули бахши тамос бо ҷомеаи боғи ботаникии Бруклин, мегӯяд, дар ҷашни Сакора Матсомӣ, ки онҳо 2 ва 3-юми май созмон медиҳанд, ба меҳмонон намоиши театрии ҳунармандони Ҷопон, тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ оид ба табиат ва дар маҷмӯъ 14 воситаи дилхушӣ пешниҳод мегардад. Хонум Лавен гуфт, “чандин сол пеш мо аз ҷониби ҳукумати Ҷопон ба сифати ҳадя дарахтони гелос гирифтем ва ин оғози ҷамъоварӣ ва афзудани ин намуди дарахт дар боғамон гардид. Ҳамин тавр бо афзоиш ёфтан шумори дарахтони мо ба беш аз 220 бех расид. Ин яке аз гелосзорҳои калонтарин дар ҷаҳон берун аз Ҷопон ба шумор меравад. Аз ин рӯ шумори зиёди саёҳон ба Ню-Йорк ба хотири гирифтани акс меоянд. Баҳор барои мардуми Ҷопон чун рамзи эҳё аст”.

Дар ҳамин замина Марико, як донишҷӯи ҷопонӣ, ки ҳамроҳи ҳамсабақонаш ба тамошои боғ омада буд, мегӯяд, мавсими шукуфтани гелос дар Ҷопон чун як ҷашни баҳорӣ таҷлил гардида, аксариятро аз хонаҳои ниҳоят тангу тори кишвар ба табиат мебарорад:

“Мо бо худ ғизою нӯшокӣ мегирем ва берун аз шаҳр меравем. Дар Ҷопон, ба вижа дар Киото, дарахтони зиёди гелос парвариш меёбанд. Дар фасли баҳор онҳо назаррабо мешаванд ва мардум аз тамошои он ҳаловат мебаранд. Инҷо ман худро чун дар ватанам эҳсос кардам, хеле кишварамро пазмон шудам.”


Он рӯзе, ки мо ба сайругашти боғ рафтем, он аз ҷавонону хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва волидону омӯзгорон пур буд. Мария, донишҷӯи колеҷи забономӯзии Бруклин, мегӯяд, пас аз зиндагӣ дар шаҳри пурғавғо сайругашт кардан дар гӯшаи табиат ба рӯҳу равони шахс оромӣ мебахшад ва ҷавонон метавонанд дар ҳолати хуби руҳӣ оид ба пайдо кардани роҳҳали мушкилоти рӯзгори хеш якҷо сӯҳбат намоянд:

“Мо сайругашт кардему ҳамзамон оид ба зиндагӣ, таҷриба , мушкилот сӯҳбат намудем. Оид ба он, ки чи гуна зиндагиро метавон идома дод. Ҳоло аз ҳама мушкили аслии ҷавонон таҳсил ва кор аст, бахусус ёфтани кори хуб ба назар ғайримкон менамояд. Зеро аксари муассисаҳо кормандони худро доранд ва барои онҳо донишҷӯёне, ки ним рӯз кор карда метавонанд, лозим нестанд. Ин дар ҳолест, ки аксари одамон новобаста аз таҷриба ҷойҳои кори худро аз даст медиҳанд.”


Лиен Лавен, масъули бахши тамос бо ҷомеаи боғи ботаникии Бурклин, гуфт, масоҳати боғи онҳо 52 ҳектарро ташкил дода, яке аз сеюмин боғи қадимтарини Амрико ба ҳисоб меравад. Хонум Лавин афзуд, аввалин боғи ҷопонӣ ва боғи бачагонаи ботаникӣ маҳз дар дохили ҳамин боғ созмон ёфтааст. Ҳамчунин он аз бахши садбаргҳо ва дарахтони тропикӣ иборат аст, ки дар онҳо беҳтарин намунаҳои растанӣ ҷамъварӣ шудааст. Ин аст, ки боғи мазкур таваҷуҳи зиёди рассомону шоирон ва донишҷӯёнро ба худ ҷалб кардааст.
XS
SM
MD
LG