Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди хоси нақши Ал-Қоида ва Эрон


Терроризм таҳдиди умда ба амнияти ҷаҳон боқӣ мемонад

Терроризм таҳдиди умда ба амнияти ҷаҳон боқӣ мемонад

Амрико шабакаи Ал-Қоидаро бузургтарин таҳдиди террористӣ барои Ғарб ва Эронро фаъолтарин давлати маблағгузори терроризм унвон кард.

Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши нави солонааш дар бораи терроризм шабакаи Ал-Қоидаро, ки дар минтақаҳои қабиланишини Покистон паноҳгоҳ пайдо кардааст, бузургтарин таҳдиди террористӣ барои Ғарб номидааст. Ин гузориш, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, дар ҳоле ки теъдоди ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон дар як соли гузашта коҳиш ёфт, шумори чунин ҳамалот дар Покистону Афғонистон баръакс афзудааст.

Гузориши вазорати хориҷии Амрико ҳамин тавр, Эронро фаъолтарин давлати маблағгузори терроризм ва таҳдид ба сулҳи Ховари
Сипоҳи Қудс дар фаъолиятҳои машук ва террористӣ дахолати амиқ дорад"
Миёна ва Афғонистон унвон мекунад.

Гузориши вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, нақши Эрон дар тарҳрезӣ ва таъмини молии фаъолиятҳои марбут ба терроризм дар сарзаминҳои фаластинӣ ва дар кишварҳое, чун Лубнону Ироқ ва Афғонистон талошҳо ба хотири ташвиқи сулҳ, суботи иқтисодӣ ва демократия дар ин манотиқро таҳти таҳдид қарор медиҳад.

Роналд Сличер, кафили ҳамоҳангсози барномаҳои мубориза бо терроризм дар вазорати умури хориҷии Амрико, ба хабарнигорон гуфт, Теҳрон фаъолиятҳои террористӣ ва гурӯҳҳои террористиро дар хориҷ тавассути сипоҳи Қудс, як шохаи бонуфузи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, пуштибонӣ мекунад: “Сипоҳи Қудс дар фаъолиятҳои дар воқеъ машкук ва террористӣ дар манотиқе, ки Эрон мехоҳад дар он ҷойҳо фаъол бошад, дахолати амиқ дорад. Як минтақаи бузурги мояи нигаронӣ, албатта, Ховари Миёна аст. Ба хусус, Лубнон ва тайи чанд соли гузашта ва феълан – Ироқ. Мо ҳамоно нигарони аломатҳое ҳастем, ки Эрон метавонад дар пайи густариши нуфузаш ба бахшҳои дигари ҷаҳон шавад.”

Эрон соле пеш низ фаъолтарин давлати маблағгузори терроризм унвон шуда буд. Муттаҳиди Эрон –Сурия ҳам дар гузориши имсола ҳамроҳ бо Судону Куба дар феҳрасти кишварҳои пуштибони терроризм зикр шудаанд.

Аммо вазири умури хориҷии Куба Бруно Родригес дар Ҳавана гуфт, Амрико ҳаққи таълим додани дигаронро надорад ва давлати Куба терроризмро маҳкум мекунад. Ҳамтои эронии ӯ Манучеҳри Муттакӣ, ки ба хотири ширкат дар нишасти кишварҳои Ҷунбиши адами тааҳҳуд дар Ҳавана ба сар мебарад, низ ба ҳамин назар буда, Вошингтонро ба истифода аз меъёрҳои дугуна айбдор кард.

Бахши дигари гузориши вазорати хориҷии Амрико марбут ба афзоиши ҳамалоти террористӣ дар Покистону Афғонистон буда, мегӯяд, дар ҳоле ки теъдоди ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Ироқ, дар соли гузашта коҳиш ёфт, шумори чунин ҳамалот дар Покистон баръакс беш аз 2 маротиба афзуда, ба 1839 расида ва 2293 кушта барҷо гузоштааст.

Дар Афғонистон низ теъдоди ҳамалоти террористӣ дар соли 2008 то ҳудуди 100 афзуда, ба 1220 расидааст. Теъдоди қурбониёни ин ҳамлаҳо дар Афғонистон дар як соли гузашта 1989 нафар баровард мешавад.

Бо ин ҳол, Роналд Сличер, масъули барномаҳои мубориза бо террор дар вазорати умури хориҷии Амрико, мегӯяд, нақши раҳбарони аввали шабакаи Ал-Қоида феълан пойин рафтааст: "Ба назар мерасад, ки феълан Усома Бин Лоден ва муовинаш Аймон Завоҳирӣ дар вазъе қарор доранд, ки ба ҳаводис фақат аксуламал нишон медиҳанд, пешбарандаи умур нестанд. Ба назари мо, ин ҳол ба вижа дар нимаи охири соли 2008 бештар мушоҳида мешавад.”

Дар ҳамин ҳол, вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс аз Конгресс даъват кард, барномаи 83,4-миллиарддолларии идомаи ҷанг дар Ироқу Афғонистонро ба зудтарин фурсат ва на дертар аз 25 май тасвиб кунад.

Гузориши солонаи вазорати умури хориҷии Амрико дар бахши марбут ба Тоҷикистонаш, камбуди манобеъро нуқтаи аслии заъфи ин давлат дар роҳи муқобила бо терроризм унвон кардааст. Гузориш мегӯяд, фасод, маоши ночиз ва камбуди пуштибонии кофӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон боиси бемайлии маъмурони интизомӣ нисбат ба ҷилавгирӣ аз қочоқбарону марзшиканон гардидааст.
Ба ин далел, тундравону террористҳо метавонанд аз марзи Тоҷикистон барои равуо ба Афғонистон истифода кунанд. Ба хотири расидагӣ ба ин мушкил, Амрико ва кишварҳои дигари кӯмакрасонҳо дар амри тақвияти ҳифозати марзи қариб 1400-километрии миёни ин ду кишвар дасти ёрӣ дароз кардаанд.

Гузориш ҳамчунин мегӯяд, Тоҷикистон фаъолиятҳои ифротгароёнаро дар қаламраваш мамнӯъ эълон карда, гурӯҳҳое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҳизб-ут-Таҳрирро ба феҳрасти созмонҳои террористӣ ворид кардааст. Ба бовари мақомоти расмии Амрико, ҷонибдорони гурӯҳҳое, ба мисли Ал-Қоида, Иттиҳоди Ҷиҳоди исломӣ ва Ҳаракати исломии Узбакистон дар минтақа ҳанӯз фаъол будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG