Пайвандҳои дастрасӣ

Freedom House дар садади нашри гузориши солона


Рамзи Freedom House ба форсӣ

Рамзи Freedom House ба форсӣ

Созмони амрикоии ҳомии озодии матбуот Freedom House ё худ Хонаи Озодӣ имрӯз Индекси озодии матбуот дар соли 2009-ро нашр мекунад.

Хонаи Озодӣ дар ин таҳқиқоти солонааш гуфтааст, бӯҳрони саросарии иқтисодӣ ба вазъи озодии матбуот дар кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ мегузорад. Ба гуфтаи муаллифон, таъсири бӯҳрон ба муҳити расонаҳои хабарии дунё бештар дар коҳиши маблағгузорӣ ва назорати шадидтари матбуот мушоҳида мешавад. Freedom House дар гузоришаш таъкид мекунад, ки бузургтарин маҳдудшавии озодии матбуот дар Аврупои Марказиву шарқӣ ва ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ҷой доштааст.Ба ақидаи созмони Freedom House, соли 2008-ум тақрибан 56% мардуми сокини кишварҳои Аврупои марказиву шарқӣ ва собиқ ҷамоҳири Шӯравӣ (ба истиснои кишварҳои соҳили Балтик) дар фазои ғайриозод ба сар бурдаанд. Бино ба гузоришҳои расида, Тоҷикистон имсол дар ҷадвали Хонаи Озодӣ дар байни 195 кишвар, ҳамроҳ бо Озарбойҷону Қазоқистон ва кишвари африқоии Судон, дар мақоми 168-ум, дар миёни кишварҳои “ғайриозод” ҷой гирифтааст. Тоҷикистон соли гузашта низ дар ҷадвали Шохиси озодии матбуот дар ҳамин мақоми 168-ум қарор дошт. Тафсилоти бештар дар бораи ин гузориш шоми ҷумъа, 1 май, дар гуфторҳои шомгоҳии Радиои Озодӣ нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG