Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти коргарони хашмгин дар дунё


Маъмурони пулис дар чанде аз шаҳрҳои дунё бо тазоҳургарон, ки дар рӯзи коргарон якуми май эътироз доранд, вориди задухӯрд шуданд. Дар шаҳри Берлин нерӯҳои амниятӣ 49 нафарро аз миёни тазоҳургарони хашмгине дастгир карданд, ки ба сӯи кормандони пулис сангу зарфҳои шишагӣ партоб мекарданд. Ҳамингуна дар шаҳри Истанбул дар ноҳияи Сислӣ маъмурони пулис, садҳо тазоҳургари сангандозро, бо истифода аз мошинҳои обпош пароканда карданд. Рӯзи якуми май, маъмулан дар Аврупо ва дигар манотиқи ҷаҳон коргарон тазоҳурот мекунанд.
XS
SM
MD
LG