Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба таеквон-до WTF байни ҷавонон ва пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми ҷумҳурӣ-2009» бахшида шудааст.

Дар ин бора мусоҳибаи мо бо доварони ин мусобиқот Давлатшоҳ Мирзоев ва Арбобмирзо Шамсиев ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад. Нахуст шунавандагонро бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон ошно мекунем.

Маъмурини Кумитаи байнулмилалии олимпӣ аз ҷараёни омодагиҳо ҷиҳати баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Раҳбари кумиссиюни ҳамоҳангсози Кумитаи байнулмилалии олимпӣ оид ба омодагӣ ба Олимпиадаи Лондон Денис Освалд иброз дошт, ки сохтмони иншооти олимпӣ дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ва бар асоси буҷа анҷом дода хоҳад шуд. Ин чаҳорумин ташрифи кумиссиюни мазкур ба пойтахти Бритониё аз замони мизбони Олимпиадаи соли 2012 эълом шудани Лондон мебошад.

Бозиҳои аввали даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонони футболи Урупо баргузор шуданд.
Дидори «Барселона»-и Испания бо тими меҳмон - «Челси»-и Инглистон бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон дар майдони худ бар тими «Арсенал»-и Инглистон бо ҳисоби 1:0 пирӯзӣ ба даст овард.
Бозии ҷавобии «Арсенал» ва «Манчестер Юнайтед» 5-уми май, «Челси» ва «Барселона» 6-уми май доир хоҳанд шуд.

Кумиссиюни АИБА - Иттиҳодияи байнулмилалии бокси омотурӣ ё ҳаваскорӣ дар як ҷаласаи худ дар бораи дохил намудани бокси занона ба барномаи Бозиҳои олимпии соли 2012 пешниҳод омода кардааст.

Бар асоси он баргузории сабқати бокси занона дар се вазн – 51, 60 ва 75 кг – дар назар аст. Кумитаи барномавии Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ин масъаларо 13-уми август дар Берлин баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора кумитаи иҷроияи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ моҳи октябри соли ҷорӣ тасмими ниҳоӣ хоҳад гирифт.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG