Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои ихтисоси маблағҳо барои Ироқу Афғонистон


Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико аз Конгресс тақозо кард, ки ба зудтарин фурсат ихтисоси маблағҳоро барои ҷанги Ироқу Афғонистон ва кӯмаки низомӣ ба Покистон дар муқобила бо ҷангиёни Толибон иҷоза диҳад. Дар бастаи маблағҳои дархостӣ, ки 83,4 миллиард долларро ташкил медиҳад, 76 миллиард доллар ба ҷангҳои Ироқу Афғонистон равона шуда ҳудудан 400 миллион доллар ҳамчун кӯмак ба Покистон дар назар гирифта шудааст. Аз ин маблағҳо инчунин 7,1 миллиард доллар ба хароҷоти байналмилалии Вазорати хориҷаи Амрико равона мешавад, ки дар иҷрои барномаҳои марбут ба мӯътадилсозии вазъи Афғонистону Покистон ихтисос ёфтааст. Гейтс, ки дар баробари як кумитаи Сенат рӯзи панҷшанбе суханронӣ мекард, аз қонунгузорон тақозо кард, ки на дертар аз 25 май ин бастаи маблағҳоро қабул кунанд, чунки ҳукумат бидуни ин кӯмакҳо наметавонад умури худро дар робита бо Покистону Ироқ ва Афғонистон идома диҳад.
XS
SM
MD
LG