Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон рӯзи ҷаҳонии коргар таҷлил мешавад


Мақомоти расмии Тоҷикистон рӯзи якуми майро, ки дар кишвар чун Рӯзи ҷаҳонии кор таҷлил мешавад, рӯзи истироҳат эълон кардаанд. Ҳарчанд дар тақвими идҳои Тоҷикистон дар ин бора ишорае нарафтааст. Хабаргузории давлатии “Ховар” менависад, дар ҳоле ки имсол якуми май ба рӯзи ҷумъа рост омад, рӯзҳои баъдии он низ рӯзҳои истироҳатанд. Кишварҳои ҷаҳон феълан якуми майро ба шеваҳои мухталиф таҷлил мекунанд. Вале дар Шӯравии пешин якуми май иди расмии идеоложӣ буд ва ҳамчун Рӯзи якдилии меҳнаткашони тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешуд. Баъди азҳампошии Шӯравӣ якуми май дар бархе аз кишварҳо ба иди баҳору меҳнат табдил ёфт. Аммо сокинони Қазоқистон рӯзи якуми майро ҳамчун Рӯзи ваҳдати халқҳои қазоқ ҷашн мегиранд ва дар Киев рӯзи якуми май коммунистон ба майдонҳо баромада, намоишҳо ташкил мекунанд.
XS
SM
MD
LG