Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатми маъмуриятҳои нирӯҳои Бритониё дар Ироқ


Бо баргузории маросиме дар шаҳри ҷанубии Басраи Ироқ маъмуриятҳои нирӯҳои бритониёӣ дар ин кишвар хотима ёфт. Амалиёти нирӯҳои Бритониё зидди ситезаҷӯён дар Ироқ шаш сол идома кард. Қарор аст 3700 сарбози бритониёӣ то охири моҳи май қаламрави Ироқро тарк кунанд. Инчунин дирӯз дар Басра маросими ёдбуди 179 сарбозе баргузор шуд, ки дар Ироқ ҷон додаанд. Дирӯз дар Лондон баъди мулоқот бо нахуствазири Ироқ Нурӣ-Ал-Моликӣ Гордон Браун, сарвазири Бритониё гуфт, ки таҳаввулоти мазкур аз оғози нав дар равобити миёни ин ду кишвар дарак медиҳад. Баъди ИМА артиши Бритониё дуюмин нирӯи сершумори хориҷӣ буд, ки бо 46 ҳазор сарбоз дар Ироқ дар ҷанги зидди режими Саддом Ҳусайн ширкат кардааст.
XS
SM
MD
LG