Пайвандҳои дастрасӣ

Русия бахше аз марзҳои Гурҷистонро назорат мекунад


Русия бо ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Гурҷистон - Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон созишномае ба имзо расонд, ки тибқи он Маскав амалан масъулияти дифоъ аз марз бо Гурҷистонро ба дӯш мегирад. Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев дирӯз ин созишномаро бо раҳбарони Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ - Сергей Багапш ва Эдуард Кокойтӣ дар як маросим дар Кремлин имзо кард. Созишномаи мазкур маънои онро дорад, ки акнун Русия то замони ташкил ва танзим шудани кори нирӯҳои марзбонии ин ду ҷумҳурӣ масъулияти назорат аз сарҳадҳои ин ҷумҳуриҳоро ба дӯш мегирад. Зимни суханрониаш баъди имзои ин санадҳо раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев гуфт:
"Бо ҳимоят аз марзҳои ҷанубии Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ мо як ҳадафро дунбол мекунем, ки он тағйирнопазир аст, яъне ҳадафи мо таъмини сулҳи деринтизор дар минтақа мебошад".
Баъди ҷанги панҷрӯзаи миёни нирӯҳои Русия ва Гурҷистон августи порсол Маскав ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби гурҷиро ба расмият шинохт. Ҳоло тибқи созишномаи тоза ба имзорасида Русия ҳақи назорат аз марзҳои ин ҷумҳуриҳоро дар давоми панҷ соли оянда ба даст меорад.
XS
SM
MD
LG