Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги нави лафзии НАТО ва Русия


Баъди ихроҷ шудани ду дипломати русӣ аз ҳайати Паймони Атлантикаи Шимолӣ НАТО-ву Русия вориди ҷанги нави лафзӣ шуданд. НАТО ин дуро дар ҷосусӣ ва кӯшиши ба ҳам задани вазъ дар Қафқози Ҷанубӣ айбдор кардааст. Русия НАТО-ро дар халалдор сохтани равобити миёни Шарқу Ғарб муттаҳам мекунад. Дар ҳоле, ки дар ин охирҳо мақомоти НАТО ҳарчи бештар роҷеъ ба умедвориҳо дар самти беҳбуд ёфтани равобит бо Русия сӯҳбат мекунанд, рӯзи чоршанбе моҷарои дипломатии нав бархост. НАТО ду дипломати ихроҷшударо персона нон грата эълон кард, ки яке аз онҳо писари Владимир Чижов, сафири Русия дар Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Ҳайати Русия дар НАТО ба ин тасмим хашмгинона посух дода гуфт, ки бархе аъзои ин паймон мехоҳанд, ки як моҷарои нави байналмилалиро бархезонанд.
XS
SM
MD
LG