Пайвандҳои дастрасӣ

Покистону Эрон дар рӯйхати сиёҳи Амрико


Дар як гузориши вазорати хориҷаи Амрико омадааст, ки Ал-Қоида бо истифода аз манотиқи қабиланишини Покистон барои Ғарб хатари азимтарини террористӣ эҷод мекунад, дар ҳоле, ки Эрон "фаъолтарин давлати сармоягузори терроризм" унвон мешавад. Дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико гуфта мешавад, дар ҳоле, ки теъдоди ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон дар ҳоли коҳиш ёфтан аст, ингуна ҳамлаҳо дар Покистон афзоиш ёфта ду баробар бештар назар ба соли гузашта шудааст. Гузориш ҳокист, ки агар соли 2007 инуна ҳамлаҳо дар Покистон 890 адад будааст, соли 2008 ба 1839 баробар шудааст. Дар натиҷаи ҳамлаҳо дар Покистон наздик ба 2300 нафар кушта шуданд, мегӯяд вазорати хориҷаи Амрико. Дар мавриди Эрон, ки ҳамчун давлати фаъолтарини сармоягузори терроризм ёд мешавад, гуфта мешавад, ки нирӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба террористон дар манотиқи Фаластинӣ, Лубнон, Ироқ ва Афғонистон кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG