Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи бонки Қазоқистон бар зидди ҳукумат


Бино ба гуоришҳо, саҳмиядорони бузургтарин бонки Қазоқистон, яъне бонки БТА барои 3 миллиард доллар зарар бар зидди ҳукумати кишвари худ парванда таҳия кардаанд. Онҳо идаъо доранд, ки ин зарар пайомади қисман хусусӣ кардани ин бонк будааст. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли Анвар Саидинов-раиси бонк мегӯяд, музокирот дар бораи маблағи даъвоӣ идома дорад. Ҳукумати Қазоқистон моҳи феврал назорат бар бонки БТА-ро дар ихтиёри худ даровард, то тавонад бо бӯҳрони молӣ дар кишвар муқовемат кунад. Саҳмиядорони бонк мегӯянд, дар натиҷаи чунин иқдом дороии бонк арзиши худро аз даст додааст.
XS
SM
MD
LG