Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Британия Ироқро тарк мекунанд


Имрӯз дар шаҳри Басраи Ироқ ба муносибати хатми амалиёти нерӯҳои Британия дар Ироқ маросиме баргузор шуд. Акнун нерӯҳои Британия барои хуруҷ аз Ироқ омодагӣ мегиранд. Онҳо 6 сол дар Ироқ фаъолият карданд. Дар ин муддат 179 нафар сарбозони англис кушта шуданд. Қарор аст то охири моҳи май 3 700 нафар низомиёни Британия Ироқро тарк кунанд. Гордон Браун-нахствазири Британия баъд аз мулоқоташ бо Нурӣ ал Моликӣ-нахумтвазири Ироқ имрӯз дар Лондон гуфт, мараҳалаи нави ҳамкориҳо бо Ироқ оғоз мешавад:

"Имрӯз мо дар роҳи таҳким ва густариши ҳамкориҳоямон қадам бармедорем ва мо онро ба ҳамкориҳои баландмуддату баробар табдил медиҳем".

Замоне, ки дар Ироқ бар зидди бақоёи режими Саддом даргириҳои шадид идома дошт, Британия 46 000 низомии худро дар он кишвар мустақар карда буд.

XS
SM
MD
LG