Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 нафар дар донишгоҳи Боку кушта шуданд


Бино ба гузоришҳо, имрӯз дар натиҷаи тирандозӣ дар донишгоҳи давлатии нафти Озарбойҷон дар Боку дастикам 13 нафар кушта, 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Додситонии кулли Озарбойҷон гуфтааст, ки ҳамлакунанда танҳо будааст. Ин манбаъ хабарҳои қаблиро дар бораи шумораи ҳамлакунандагон, ки гуфта мешуд ҳамларо ду нафар анҷом додаанд, рад кардааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ҳамлакунанда ба худкушӣ даст задааст, вале мақомоти расмӣ хабар додаанд, ки нируҳои вижа вайро ба қатл расондаанд. Дар лаҳзаҳои аввал захмиҳоро ба шифохонаҳо интиқол медоданд. Кормандони тиб дар ин кор хеле аҷала доштанд ва садо мекарданд:


"Як тараф истед, як тараф истед, гузаред, гузаред, тез шавед, ман ба шумо мегӯям".

Бино ба гузоришҳо, дар миёни қурбониён чанд нафар донишҷӯёни хориҷӣ, ба вижа аз Африқо, низ будаанд.
XS
SM
MD
LG