Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия бо ҷудоихоҳон санади ҳимоят аз марз имзо кард


Русия бо ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Асетияи Ҷанубӣ ва Абхазия қарордод имзо кард. Тибқи ин мувофиқатнома Русия дар асл масъулияти ҳимоят аз марзҳои онҳо бо Гурҷистонро бар душ мегирад. Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар Кохи Кремл дар ин бора бо Сергей Багапш ва Эдуард Кокойтӣ- раҳбарони Абхазия ва Асетияи Ҷанубӣ мувофиқатнома имзо кард. Медведев баъд аз имзо гуфт:

"Ҳамзамон бо ҳимояти марзҳои Асетияи Ҷанубӣ ва Абхазия мо, албатта, дар самти расдан ба ҳадафи аслӣ, ки он барои мо тағирнопазир аст ва таъмини сулҳи деринтизор дар минтақа аст, кӯшиш мекунем".

Хабарнигорон мегӯянд, Русия бо имзои ин санад мехоҳад ба ҳузури ҳазорон нафар низомиёни худ дар ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ ҷанбаи қонунӣ бахшад.

XS
SM
MD
LG