Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии сокинони деҳае дар марзи ду кишвар


Сокинони деҳаи Чеки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон аз аъмоли марзбонони ҷониби Узбакистон ба раисиҷумҳури Қирғизистон шикоят бурдаанд.

Ба гуфтаи онҳо, марзбонони кишвари ҳамсоя дар васати роҳе, ки дар минтақаи бетараф воқеъ аст, чанд вагон насб кардаанд ва посгоҳи нав сохтаанд. Гуфта мешавад, раиси ҳукумати ноҳияи Пахтаободи вилояти Андиҷон сокинони деҳаи Чеки Қирғизистонро гирд оварда ва гуфтааст, ки мувофиқи қарори ҳукумати ноҳия марзбонон дар васати ин роҳ вагонҳои худро насб мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки раиси ҷамоати Соқолдии ноҳияи Новкент гуфтааст, фақат баъди мувофиқаи ду тараф марзбонони кишвари ҳамсоя ҳақ доранд, ки дар минтақаи бетараф посгоҳи нав таъсис диҳанд.

Аммо намояндагони кишвари ҳамсоя ба ин тақозои раиси ҷамоати Соқолдӣ гуш надодаанд ва ба марзбонон амр кардаанд, ки вагонҳои худро насб кунанд.

Ба гуфтаи Маноб Божоев, як сокини деҳаи Чек, вакилони дастгоҳи ҳукумати вилояти Ҷалолобод ба ҷои он, ки бо сокинони минтақаи марзии деҳаи Чек сӯҳбат кунанд ва аз мушкилоти онҳо огаҳ шаванд, тақозо карданд, ки бошандагони деҳаи Чек ба эҳсосот дода нашаванд ва дар равобити ҳасанаи ду кишвари ҳамсоя ва дӯст халал ворид нанамоянд.

Бино ба суханони Маноб Божоев, вай дар ҳамин ҳол маҷбур шудааст, ки бо аъзои хонаводааш манзилашро тарк кунад ва ба ҷои дигар кӯч бандад. Ба гуфтаи ин сокини деҳаи Чеки ноҳияи Новкент, мақомоти болоии кишвараш нисбати сарнавишти сокинони ин деҳ беэътиноӣ зоҳир кардаанд, ки боиси муроҷиати онҳо унвонии раисиҷумҳури кишварашон шудааст.

Дар ҳамин ҳол вазорати хориҷаи Қирғизистон дар вокуниш ба ин ҳодиса ба сафорати Ҷумҳурии Узбакистон дар Қирғизистон номаи эътирозӣ ироа кард. Гуфта мешавад, ки дар ин нома тақозо шудааст, ки ҷониби Узбакистон бояд дар мавриди худсариҳои марзбононаш тавзеҳи расмӣ диҳад.
XS
SM
MD
LG