Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бартарӣ ёфтани бунгоҳи зидди фасод бар додситонӣ


Тибқи тағйироти воридкардаи порлумон ба қонун, аз ин ба баъд бунгоҳи мубориза бо фасод ҳаққи муҷозоти кормандони дар фасод дастдоштаи додситониро хоҳад дошт
Тибқи тағйироти воридкардаи порлумон ба қонун, аз ин ба баъд бунгоҳи мубориза бо фасод ҳаққи муҷозоти кормандони дар фасод дастдоштаи додситониро хоҳад дошт

Порлумони Тоҷикистон дахлнопазирии кормандони додситонии кишварро ба нафъи Бунгоҳи мубориза бо фасод лағв кард.

Порлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйирот дар қонунҳои конститутсионӣ дар мавриди ниҳодҳои додситонӣ ба Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди молӣ имкон дод, дар бораи фасодкории кормандони идораҳои додситонии ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз кунад.

То тағйири қонун ҳеҷ ниҳоде ҷуз Додситонии кулл ҳақ надошт, дар бораи амали кормандони додситонӣ парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Бархе аз намояндагони мардумӣ бар онанд, ки ин тағйирот ба қонуни асосии ҷумҳурӣ муғойират дорад ва порлумон аз ҷунин ваколат бархурдор нест.

Аммо Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони саршиноси Тоҷикистон, ба ин иддаоҳо мухолиф аст. Вай гуфт, порлумон ҳаққи ворид кардани тағйирот дар қонунҳои конститутсиониро дорад, вале чаро маҳз додситонӣ ҳадафи ин тағйирот қарор гирифтааст, норавшан аст.

Музаффар Олимов, раиси Маркази пажӯҳиши сиёсии «Шарқ», ки чанд соли ахир бо тақозои созмонҳои байнулмилалӣ мизони фасод ва бозори сиёҳ дар ҷумҳуриро баррасӣ карда буд, дар посух ба ин суол, ки чаро маҳз додситонӣ ҳадафи тағйирот дар қонун қарор гирифтааст, гуфт, «ба назари ман, ин иқдом ба мухолифати ду ниҳод – додситонӣ ва оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи фасод рабт дорад. Ёд дорем, ки ахиран додситони кулл дар як нишасти матбуотӣ фаъолияти ин оҷонсро нокофӣ хонад буд. Ва баъдан ин оҷонс бо ҳамин шева ба додситонии кул посух гуфта буд. Ман баъид медонам, ки ин тағйирот ба қонун ба коҳиши фасод дар ҷумҳурӣ мунҷар шавад».

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон, тағйирот дар қонунро ба нафъи Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод медонад. Ба гуфтаи вай, лағви дахлнопазирии кормандони додситонӣ дар мавриди аъмоли фасодкории онҳо ба нафъи кор аст ва ба коҳиши мизони фасод дар миёни мақомоти додситонӣ, интизомӣ ва ғайра, кумак хоҳад кард.

Шерхон Салимзода, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи фасод, дар ҷараёни баррасии тағйири қонун дар порлумон низ ба ҳамин нукта таъкид кард ва гуфт, ки масъулияти ҳама дар рӯ ба рӯи қонун яксон аст.

Аммо Раҳматулло Валиев, коршиноси минтақа, ба қавлу амали оқои Салимзода шак дорад. Ба эътиқоди вай, ин ниҳод фаъолияти афродеро дунбол мекунад, ки бо гирифтани сад ва ё аз ин бештар сомонӣ гирифтани ришва дастгир мешаванд. Вале ба нафароне, ки садҳо ҳазор ва миллионҳо долларро ба коми худ мекашанд, таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад.

Бо вуҷуди ин оқои Валиев тағйирот дар қонунро ба нафъи коҳиши фасод хонд. Дар сурате, ки ба гуфтаи вай, ин оҷонс масъулияти ҳамаро дар рӯ ба рӯи қонун яксон бидонад.

Раҳматулло Валиев гуфт, «тавре, ки мо аз васоити ахбори омма ва назари мардум медонем, асосан мақомоти боло фасодзада аст, аз ҷумла ҳукумати иҷроия, суд ва мақомоти дигари интизомӣ. Ин оҷонс бояд қудрати боз кардани парвандаи ҷиноӣ бар амали вазирон, муовинони вазир, ҳамчунин раисони вилоёту ноҳияҳо, ки намояндагони президент маҳсуб мешавандро дошта бошад. Дар он сурат мо метавонем бигӯем, ки мубориза бо фасод вуҷуд дорад».

Ба гуфтаи ҳамин коршиносон, дар Тоҷикистон масъулияти ҳама дар назди қонун яксон нест, вагарна ба ҷӣ далел оҷонси назорати молӣва мубориза бо фасод натиҷаи ахири аудити Бонки миллиро дунбол намекунад.
XS
SM
MD
LG