Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Духтур Олим Ширинбек ба радиои “Озодӣ” гуфт, ки беш аз 80%-и корафтодагон муҳоҷирони тоҷик буданд ва бештари дардмадон гирифтори бемории силанд.

Анҷумани «Пизишкони ҷаҳон» (Medecins du Monde) дар Маскав барномаеро роҳандозӣ кардааст ки ҳадафи аслии он осонсозии дастрасии муҳоҷирон ба хадамоти тиббӣ аст.

Дар чорчӯби барномаи “Беҳдошти муҳоҷирон дар Маскав” аз 9 моҳ пеш хатти телефоние пешкаши муҳоҷирони тоҷик, узбак ва қирғиз шудааст.

Онҳо метавонанд, аз пизишкон ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ, узбакӣ ва қирғизӣ иттилоъ ва ёрӣ дарёфт кунанд.

Ҳамоҳангсози ин барнома Мария Овчинникова ба радиои “Озодӣ” гуфт ки дар 9 моҳ камобеш 400 нафар муҳоҷир бо онҳо тамос гирифтааст ва 80 дарсадашон ёрии тиббиро дарёфт кардаанд.

Вай ҳамчунин гуфт ки яке аз аҳдофи ин барнома иттилоърасонӣ дар бораи роҳҳои пешгирии чаҳор гуна бемории хатарнок – сил, ВИЧ/СПИД, сифилис ва ҳепатитҳои В ва С аст.

Ба гуфтаи вай, ин гуна бемориҳо бештар дар паи зиндагиву кор дар шароити ноҳинҷори беҳдоштӣ муҳоҷиронро домангир мешаванд.
Вай ёдовар шуд, ки барои пешгирӣ аз густариши ин бемориҳо “Пизишкони ҷаҳон” чанд нафар иттилоърасонро истихдом кардааст, ки дар хобгоҳҳо, бозорҳо, сохтмонҳо ва консулгариҳо бо муҳоҷирон мулоқот мекунанд.
Яке аз ин иттилоърасонҳо – тоҷикписари донишҷӯ, Баҳром Авазбеков мегӯяд, ки ҳангоми мулоқот муҳоҷиронро аз роҳҳои пешгирӣ ва дармони ин бемориҳо огоҳ мекунад. Барояшон баргаву дафтаракҳоеро медиҳад, ки донистаниҳои муҳимеро дар бораи роҳҳои сироят, нишонаҳо ва чораҳои пешгирии ин бемориҳо дар бар доранд.

25 пизишки тоҷики муқими Маскав дар иҷрои ин барнома ширкат мекунанд ва муҳоҷиронро ройгон ёрӣ мерасонанд. Яке аз ин пизишкон – Олим Ширинбек ба радиои “Озодӣ” гуфт, ки беш аз 80%-и корафтодагон муҳоҷирони тоҷик буданд ва бештари дардмадон гирифтори бемории силанд.

Вай ҳамчунин афзоиши шумораи гирифторони уфунати ВИЧ/СПИД дар миёни муҳоҷирони тоҷикро нигаронкунанда хонд. Ба гуфтаи вай, бар асоси додаҳои расмии Созмони ҷаҳонии беҳдошт то соли 2007 дар Тоҷикистон беш аз 700 кас гирифтори бемории ВИЧ/СПИД буда ки бештарашон дар Русия бемор шудаанд.

Анҷумани “Пизишкони ҷаҳон” як созмони башардӯсту мардумниҳоди фаронсавӣ аст. Ин созмон дар 51 кишвари ҷаҳон намояндагӣ ва фаъолият дорад.

Барномаи “Беҳдошти муҳоҷирон дар Маскав” яке аз тарҳҳоест ки “Пизишкони ҷаҳон” ҳамроҳ бо Маркази иттилоъотӣ-ҳуқуқии “Муҳоҷират ва қонун” вобаста ба Бунёди “Тоҷикистон”, намояндагии Бунёди Оқохон дар Русия ва Иттиҳодияи касабаи муҳоҷирон иҷро мекунад. Ҳадафи аслии ин барнома иттилоърасонӣ барои пешгирии бемориҳои фарогир, беҳбуди дастрасии муҳоҷирон ба хадамоти тиббӣ ва раҳнамоии пизишкии беморон ва дардмандон аст.

Ин созмон худ хадамоти тиббӣ ва дармонӣ намерасонад, аммо бо чандин бемористону дармонгоҳи шаҳри Маскав ҳамкорӣ дорад. Бояд гуфт, дарёфти ёрии пизишкӣ ва дармон дар Русия барои муҳоҷироне ки иҷозаи иқомат ва кор надоранд, бисёр сахт ва гарон аст.
XS
SM
MD
LG