Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сочӣ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро мехонад


Мақомоти Кӯлоб бо як созишнома бо намояндагони шаҳри Сочии Русия барои фиристодани мардикорон ба ин шаҳр беш аз ҳазор касро сабти ном кардаанд.

Абдуғаффор Фаттоев, сардори шӯъбаи хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилӣ дар минтақа, гуфт, ки дар асоси созишнома бо ҳайати ширкатҳои сохтмонии Русия аз минтақаи Кӯлоб бояд беш аз 10 ҳазор нафар барои сохтмони шаҳраки олимпӣ барои бозиҳои зимистонаи "Сочи-2014" ҷалб шаванд. Ба қавли вай, ширкатҳои сохтмонӣ зимни як намоиши ҷойҳои кории холӣ дар Кӯлоб ба муҳоҷирон барои ҳашт соати корӣ чаҳорсад доллари амрикоӣ ва ҷои хобу се вақт хӯроки ройгон ваъда додаанд. Инчунин корфаромоён изҳор доштаанд, ки барои пайдо намудани роҳкиро ба муҳоҷирон бо бонкҳои Тоҷикистон барои додани қарзи яксола мувофиқа хоҳанд кард.

Ҷаноби Фаттоев инчунин афзуд, «нафароне, ки мо мефиристем, агар хоҳиш дошта бошанд, метавонанд, дар басти дуввум низ кор кунанд ва маблағи бештар гиранд. Зеро онҳо расман даъват шудаанд ва ҳамаи ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби корфармоён ҳимоя хоҳад шуд».

Аммо дар ҳамин ҳол бештари корҷӯён мегӯянд, барои номнавис ва шомил шудан дар рӯйхати, ба истилоҳ, "10 ҳазорнафара" барояшон мушкил пеш омадааст. Ба қавли Абдулахад Нуров, як тан аз корҷӯён, ҳоли ҳозир бе восита ва ба зудӣ наметавон шомили ин рӯйхат шуд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти марбута мегӯянд, барои ҳуҷҷатгузорӣ ва номнавис шудани муҳоҷирон ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад, дар ҳоле қисми зиёди онҳо бо шиносномаи хориҷӣ таъмин буда, таҷрибаи корӣ низ дар ширкатӣои сохтмонӣ доранд. Шарофиддин Рустамов, ки ба тозагӣ аз Русия баргаштааст, мегӯяд, дар Тоҷикистон кори мувофик пайдо накардааст, аз ин рӯ тасмим гирифтааст, то дубора ба Русия биравад.

Ба қавли коршиносони маҳаллӣ, дар ҳоле бар асари бӯҳрони иқтисодӣ аксари муҳоҷирон ба минтақаи Кӯлоб баргаштаанд ва бинобар фаъолияти ҷиддӣ надоштани корхонаҳо тамоман бекор мондаанд, ин иқдом саривактӣ ба назар мерасад.

Номнависии 10 ҳазор нафар сокинони минтақаи Кӯлоб барои кор ба Русия зимни як сафари намояндагони ширкатҳои сохтмонии вилояти Краснодар ва шаҳри Сочи ба минтака ва вохӯрии онҳо бо мақомоти марбута дар ҳафтаи гузашта ба миён омадааст. Дар ин сафар намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ изҳор доштаанд, ки муҳоҷирони точик аслан ба сохтмони шаҳраки олимпии "Сочи-2014", ки ҳоли ҳозир ба 30 ҳазор нафар сохтмончӣ эхтиёҷ дорад, ҷалб карда мешаванд. Ҳоли хозир фурӯдгохи Кӯлоб низ хатсайри "Кӯлоб-Краснодар"-ро боз намуда, дар ин самт ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медиҳад. Ва дар нахустин парвози он чанд рӯзи қабл беш аз 50 муҳочири тоҷик озими Сочи шуд.
XS
SM
MD
LG