Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Тоҷикистон аз намояндагии БР СММ дар Душанбе


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дархост кардааст, ки нақши худро дар ҳимоят аз иҷрои тадбирҳои сиёсӣ ва стротегияи марбут ба хонаводаҳои камбизоъат таҳким диҳад. Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ин нуктаро дар мулоқот бо Растислав Врбенский-намояндаи ин созмон дар Душанбе изҳор дошт. Дафтари матбуъотии вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба фаъолияти пешбинишудаи ин созмон дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG