Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 медали муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон


Муштзанҳои тоҷик дар нахустин мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти ҷавоизи ёдбуди қаҳрамонони мардумӣ Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов дар Қазоқистон соҳиби 6 медал шуданд.

Дар ин мусобиқа ба ғайр аз дастаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, инчунин, варзишгарони Куба, Озарбойҷон, Русия ва Жопун ҳунарнамоӣ мекунанд.

Се муштзани тоҷик– Муродҷон Расулов дар вазни то 48 кг, Эмомалӣ Маллаев дар вазни то 57 кг ва Ҷасур Қурбонов дар вазни то 75 кг ҷойҳои севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Се нафари дигар – Анвар Юнусов (дар вазни то 54 кг), Ҷаҳон Қурбонов (то 91 кг) ва Мироҷиддин Каримов (+91 кг) - ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Юнусов дар даврҳои чаҳорякниҳоӣ ва ниманиҳоӣ бар муштзанҳои Муғулистон ва Жопун дастболо шуд. Қурбонов дар даври ниманиҳоӣ муштзани маъруфи Куба Солиес Мадригесро шикаст дод. Каримов то финал ду муштзани қазоқро мағлуб кард. Бад-ин тартиб ҳарсе муштзани тоҷик, ки ҳадди ақал бо медалҳои нуқра сарфароз мешаванд, 30-юми апрел барои дарёфти медалҳои тилло мубориза хоҳанд бурд. Юнусов бо намояндаи Куба, Қурбонов ва Каримов бо муштзанҳои Русия рақобат мекунанд.


Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи мазкур расман ба нақшаи тақвимии Иттиҳодияи ҷаҳонии бокси омотурӣ ё ҳаваскорӣ дохил шудааст.
XS
SM
MD
LG