Пайвандҳои дастрасӣ

Дар донишгоҳи Озарбойҷон 7 нафар кушта шудаанд


Бино ба гузоришҳо, имрӯз дар натиҷаи тирандозӣ дар донишгоҳи давлатии нафти Озарбойҷон дар Боку дастикам 7 нафар кушта, 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҷузъиёти ин ҳодиса то ҳол рӯшан нашудааст. Дар бораи шумораи афроди мусаллаҳи дастдошта дар ин ҳодиса маълумоти зидду нақиз вуҷуд дорад. Бино ба баъзе гузоришҳо , ду марди мусаллаҳ оташ кушодаанд ва сипас яке аз онҳо даст ба худкушӣ задааст. Ҳамин гузоришҳо ҳокист, ки марди дуввуми мусаллаҳ дар дохили бинои донишгоҳ қарор доштааст ва имкон дорад чанд нафарро гаравгон гирифта бошад. Аммо тибқи гузоришҳои дигар танҳо як марди мусаллаҳ ин ҳамларо анҷом додааст ва 10 донишҷӯ кушта шудаанд. Гузориш мешавад, ки нируҳои вижаи амниятӣ бинои донишгоҳро муҳосира кардаанд.

XS
SM
MD
LG