Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз вазъи Покистон нигарон аст


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, вай мутмаин аст, ки силоҳи ҳастаии Покистон аз дасти тундгароҳои исломӣ дар ин кишвар эмин мемонад, вале вай аз ҳассос ва шикананда будани ҳукумати дунявии Покистон амиқан изҳори нигаронӣ кард. Зимни як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед бахшида ба 100 рӯзи аввали кораш ба ҳайси раҳбари Амрико Обама гуфт, мутмаин аст, ки артиши Покистон хатари ба дасти "нафарони хато" афтодани силоҳҳои ҳастаиро дарк мекунанд. Вай афзуд, ки аз вазъияти Покистон амиқан нигарон аст, чунки, ба қавли вай, ҳукумати заъифи дунявии ин кишвар ҳоло тавони ироаи хадамоти бунёдиро ба мардуми Покистон надорад:

"Ман аз вазъияти Покистон амиқан нигаронам ва на ба он хотир, ки Толибон аз марзҳо гузашта Покистонро таҳти назорат қарор медиҳанд. Ман бештар аз он нигаронам, ки ҳукумати дунявии Покистон дар марҳилаи кунунӣ хеле шикананда ва заъиф аст".

Обама афзуд, ки ИМА зиёд манфиатдор аст, ки Покистонро як кишвари боэътидол бубинад. Обама афзуд, чунин ба назар мерасад, ки низомиёни Покистон тоза дарк мекунанд, ки хатари азимтарини онҳо на аз ҷониби душмани таърихии онҳо Ҳинд, балки аз ҷониби тундгароҳои исломӣ бармехезад.
XS
SM
MD
LG