Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қазоқистон назорати Интернет сахттар мешавад


Парлумони Қазоқистон қадами аввалро дар самти ташдиди назорат аз болои Интернет ва матбуот гузошт, ки аз ҷониби созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар танқид шудааст. Дар сурати пазируфта шудани ин қонун, додгоҳҳо ҳақи бастани сайтҳои интернетӣ, аз ҷумла сайтҳои хориҷиро хоҳанд дошт ва инчунин матбуотро мавриди пайгарди қонун қарор дода фаъолияти расонаҳоро масдуд мекунанд. Инчунин қонуни мазкур блогҳову чатхонаҳоро дар як саф бо расонаҳои хабарӣ ворид кардааст. Палатаи поёнии парлумони Қазоқистон, ки дар он аксари вакилон аз ҳизби Нуротани раиси ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев намояндагӣ мекунанд, қонунро дар қироати аввал пазируфт. Мақомот мегӯянд, ки қонуни нав аз нооромиҳо ҷилавгирӣ карда ҳуқуқи инсонро ҳимоят мекунад. Муовини додситони кулли Қазоқистон Асхат Даулбаев гуфт, ки матбуот метавонад дар ташкили нооромиҳо нақши калидӣ бозад, ҳамон тавре ки дар Молдова моҳи ҷорӣ мушоҳида шуд ва аз ҳамин хотир ҳам бояд таҳти назорат дароварда шавад.
XS
SM
MD
LG