Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Созиш бо Арманистон ба манфиати Озарбойҷон"


Раиси ҷумҳурии Туркия Абдуллоҳ Гул гуфт, ки созишномаи миёни Туркия ва Арманистон, ки бояд қабул шавад, ба манфиати Озарбойҷон кор хоҳад кард. Зимни боздидаш аз шаҳри Прага оқои Гул гуфт, ки барқарории равобит миёни Туркия ва Арманистон барои эътидоли кулли минтақаи Қафқоз мусоидат хоҳад кард. Озарбойҷон бо Арманистон бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки дар он аксар арманиҳо зиндагӣ мекунанд, дар ҳолати мухолифат қарор дорад. Дар сурати барқарор шудани равобити миёни Еревану Анкара Туркия марзашро бо Арманистон боз мекунад. Ин хати тӯлонии марз аз ҷониби Туркия бо дархости Озарбойҷон баста шуда буд.
Дар ҷараёни боздиди Абдуллоҳ Гул аз Прага президенти Ҷумҳурии Чех Ватслав Клаус гуфт, ки ин кишвар ҷонибдори узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо мебошад.
XS
SM
MD
LG