Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоиҳо 42 Толибро куштанд


Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки сарбозони онҳо 42 муттаҳами Толибонро дар Афғонистон ба ҳалокат расонданд. Дар як изҳороти низомиён омадааст, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои эътилофӣ дар вилояти ҷанубии Урузгон 23 ҷангии Толибон кушта шуданд. Инчунин дар чанд ҳамлаи мухталифи шаҳри Лашкаргоҳи вилояти Ҳилманд 9 ҷангии муттаҳам ба ҳалокат расиданд. Чанде пеш аз ин амрикоиҳо гуфтанд, ки нирӯҳои эътилофӣ ва артиши Афғонистон 10 ҷангии Толибонро дар як даргирии вилояти Лугар, ҷанубуғарби Кобул нобуд карданд.
XS
SM
MD
LG