Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ҷонибдори роҳҳали минтақаӣ аст


Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штенмайер гуфт, ки вай барои мубориза бо тундгароӣ дар Афғонистон ҷонибдори "роҳҳали минтақаӣ" аст, ки тибқи он, Покистон ҳам вориди ин муборизаҳо дар Афғонистон мешавад. Штеймайер зимни боздидаш аз Кобул дирӯз гуфт, "то замоне, ки ин масъала ба инобат гирифта нашавад, талошҳои мо дар Афғонистон натиҷаи кам хоҳад дошт". Вазири хориҷаи Олмон бо як сафари дурӯза вориди Афғонистон шуд ва бо раиси ҷумҳурии ин кишвар Ҳомиди Карзай дидору мулоқоте анҷом дод. Олмон дар Афғонистон 3,750 сарбоз дорад ва онҳо ғолибан дар манотиқи нисбатан амни шимоли ин кишвар мустақар мебошанд. Нахуствазири Бритониё Гордон Браун, ки ҳафтаи ҷорӣ аз Кобул дидан кард, минтақаи марзии Покистону Афғонистонро ҳамчун "майдоне барои парвариши" терроризм унвон кард.
XS
SM
MD
LG