Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: 50 ҷангӣ кушта шуд


Низомиёни покистонӣ гуфтанд, ки артиши онҳо 50 ҷангии Толибонро кушта як сарбози худро дар натиҷаи амалиёте барои берун кардани Толибон аз навоҳии воқеъ дар 100-километрии Исломобод аз даст доданд. Дирӯз низомиён гуфтанд, ки ҷангиёни мусаллаҳ назоратро бар шаҳри Даггар дар вулусволии Бунер ба даст оварданд. Амалиёти зидди Толибон дар Бунер рӯзи сешанбе, дар паи айнан ҳамин гуна амалиёти рӯзи якшанбе дар Дири Поён шурӯъ шуд. Толибон, ки тибқи як созиш бо ҳукумати Покистон дар водии Свот мустақар шуда дар ин ҷо қонуни шариатро ҷорӣ карданд, ба манотиқи берун аз ин водӣ ворид шуда хостанд навоҳии атрофро низ таҳти назорат дароранд.
XS
SM
MD
LG