Пайвандҳои дастрасӣ

Зукоми хуки дараҷаи 5: хатар меафзояд


Созмони ҷаҳонии беҳдошт дараҷаи хатарро дар заминаи тавсеаи сирояти зукоми хук ба панҷ бардошт, ки ин маънои як зина камтар аз эпидемияи сартосарии ҷаҳонӣ будани онро дорад. Дараҷаи панҷ инчунин маънои онро дорад, ки вируси мазкур ба таври дарозмуддат аз инсон ба инсон гузашта дасти кам ду кишвари як минтақаро асар кардааст. Раҳбари кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар як нишасти матбуотии шоми дери дирӯз гуфт, ки сирояти мазкур дар марҳилае қарор дорад, ки қариб ба ҳамаи аҳолии ҷаҳон таҳдид мекунад. Хонум Маргарет Чан гуфт:

"Бар пояи ҳама маълумоти дар ихтиёрдошта ва баъди машваратҳои мутахассисон ман тасмим гирифтам, ки дараҷаи хатари ин сироятро аз чаҳор ба панҷ боло барам. Ин сироят бояд ҷиддӣ гирифта шавад, бахусус ба он хотир, ки тавони зуд аз як кишвар ба кишвари дигар тавсеа ёфтанро дорад".

Хонум Чан аз мақомоти саросари ҷаҳон тақозо кард, ки пурра омода шуда дар ҳолати омодабош қарор бигиранд. Изҳороти мазкур баъди он пахш шуд, ки дар Техаси Амрико як духтари 2-солаи мексикоӣ бар асари гирифторӣ ба зукоми хук ҷон дод. Мақомоти Испания дар ҳамин ҳол тасдиқ карданд, ки як нафаре, ки ба Мексика сафар накарда буд, гирифтори ин беморӣ шуда аввалин шахси олуда ба ин сироят дар Испания гардид.
XS
SM
MD
LG