Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Русия Владимир Путин ва ҳамтои украинияш Юлия Тимошенко рӯзи чоршанбе дар Маскав равобити иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд.

Нахуствазири Русия гуфт, ки бо вуҷуди бӯҳрони иқтисодӣ гардиши коло миёни ду кишвар дар 6 моҳи гузашта афзоиш ёфта ва наздик ба 40 млрд доллар расидааст.

Владимир Путин аз беҳбуди ҳамкориҳои муҳимтарин растаҳои иқтисоди Русия ва Украина хушнудӣ кард ва пуштибонӣ аз ин ҳамкориҳоро вазифаи калидии ду кишвар донист. Вай хостори ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии бештари талошҳои ду кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд. Путин бар ин бовар аст ки Русия ва Украина бояд ҳамкорияшонро дар растаҳои мошинсозӣ, ҳавопаймосозӣ ва кайҳонӣ беш аз пеш густариш диҳанд вагарна фаъолияташон дар бозори пуррақиби ҷаҳонӣ душвор хоҳад шуд.

Нахуствазири Украина Юлия Тимошенко гуфт ки ихтилофе ки замоне Русия ва Украина ба сари ҳамлу нақли газ доштанд, бартараф шудааст. Ба гуфтаи вай, системи таҳвили гази русӣ ба Украина комилан танзим шудаст ва тарафи украинӣ мекӯшад ки баҳои гази масрафкардаашро сари ҳар моҳ пурра пардохт кунад.

Дидори нахуствазирони ду кишвар дар чорчӯби чаҳорумин нишасти Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Украина баргузор шуд. Ин нишаст қарор буд ки як моҳ пеш баргузор шавад аммо Маскав тасмимашро дигар кард, то тавофуқоти Украина ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи навсозии сохтори газрасонии Украинаро баррасӣ кунад. Ва дар ин дидор Русия нохушнуд буд, ки дар қарордоди газ миёни Украина ва Иттиҳоди Аврупо манфиатҳои Маскав арҷгузорӣ нашудаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG