Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раисиҷумҳури Озарбойҷон бо сарони НАТО


Раисиҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев, имрӯз дар ҷараёни сафараш ба Белгия бо сарони Паймони Атлантики Шимолӣ мулоқот ва гуфтугӯ мекунад. Интизор меравад, ки ӯ бо Дабири кулли НАТО, Яап де Ҳуп Схеффер мулоқот ва дар ҷаласаи Шӯрои кишварҳои узви паймон ширкат кунад. Пас аз ин ҳамоишҳо нишасти хабарии мушатарки президенти Озарбойҷон ва раҳбари НАТО баргузор хоҳад гашт. Озарбойҷон узви барномаи НАТО Ҳамкорӣ барои сулҳ аст ва дар ҳайати нерӯҳои паймон ба Афғонистон нерӯ фиристодааст.
XS
SM
MD
LG