Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири умури хориҷии Олмон ба Кобул


Вазири умури хориҷии Олмон Франк-Валтер Штйенмейер изҳор намуд, ки аз "ҳалли минтақаӣ" бо иштироки Покистон дар мубориза бо ифротгароӣ дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад. Рӯзи чоршанбе ӯ дар шаҳри Кобул гуфт:" то замоне, ки ин масъала ҳал нашудааст, пешрафти мо дар Афғонистон маҳдуд хоҳад буд." Вазири умури хориҷии Олмон афзуд:

"Хуб аст, ки мо бо дӯстони амрикоиамон мавқеи муштарак ихтиёр намуда, Покистонро ҳамроҳ мекунем."

Штейнмейер бо сафари дурӯза вориди Кобул шуда, бо раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай мулоқот намуд. Дар гӯшаҳои шимолии нисбатан ороми Афғонистон 3750 афсару сарбози олмонӣ ифои вазифа мекунанд. Ҳафтаи равон сарвазири Британия Гордон Браун минтақаҳои марзи миёни Покистону Афғонистонро "макони парвариш"-и терроризм унвон дод.
XS
SM
MD
LG