Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон


25 сенатори Иёлоти Муттаҳида аз аҳзоби ҷумҳурихоҳ ва демократ қонунгузориеро муаррифӣ карданд, ки ба раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ҳаққи ҷорӣ кардани таҳрим алайҳи ширкатҳои воридкунандаи бензин ва дигар фуровардаҳои нафтӣ ба Эронро медиҳад. Тибқи хабарҳо, тарҳи нав аз пуштибонии сенат ва ҳарду ҳизб бархӯрдор буда, ҳукумати Обама ба он мухолифат надоштааст. Айни чунин қонун қарор аст, дар Маҷлиси намояндагони Амрико низ ба тасвиб расад. Бо вуҷуди он ки Эрон захираҳои бузурги нафт дорад, бо сабаби заъфи саноати коркарди нафт, то 40%-и фуровардаҳои нафтиро ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG