Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози гуфтушуниди сарвазирон Тимошенко ва Путин


Имрӯз дар Маскав сарвазири Украина хонум Юлия Тимошенко бо ҳамтои русаш Владимир Путин матолиби марбут бо соҳаи энержиро баҳс кард. Яке аз ҳадафҳои Тимошенко коҳиши воридоти гази табии Русия ба ин кишвар будааст. Аснои кушоиши музокирот Тимошенко изҳори умед кард, ки тарафҳо дар ба мувофиқат мерасанд.

"Мехоҳам ба шумо ибрози сипос намоям, ки мову шумо дар он моддаҳои қарордод ба мувофиқат расидем, ки дар он сухан дар бораи миқдори зарурии гази фармоиш дода шуда меравад. Зеро мо имрӯз ҳамон миқдор газеро харидорӣ мекунем, ки дар шароити бӯҳрон ба пардохти комили қимати он ҳозир ҳастем. Ва муҳим аст, ки мо чунин мувофиқат ҳосил кардаем."

Коҳиши воридот ба Украина имкон медиҳад, ки миллиардҳо долларро барои раҳоӣ аз бӯҳрони саросарӣ масраф намояд.
Моҳи январ бо кумаки Тимошенко Русияву Украина созише ҳосил намуда, таъмини гази табиӣ ба миллионҳо муштарии аврупоиро барқарор карданд.
XS
SM
MD
LG