Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба бунёди иншооти олимпии Сочӣ


Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ба ҷалби 10 ҳазор нафар бароии ширкат дар бунёди иншооти олимпӣ дар Сочии Русия шурӯъ кард. Абдуғаффор Фаттоев, мудири ин хадамот гуфт, ҳоло бо ин мақсад 1000 нафар сабти ном шуда, кордиҳандагони Русия бо бинокорони эҳтимолӣ мулоқот ва шароити корро муаррифӣ мекунанд. Ба гуфти Абдуғаффор Фаттоев, мудири Хадамоти муҳоҷирати ВУД Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ҷалби муҳоҷирони нав дар ҳоле сурат мегирад, ки ба иллати бӯҳрон ҳазорон нафари онҳо аз Русия ба ватан бармегарданд. Мақомоти давлати Тоҷикистон гуфтаанд, интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон 30% коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG