Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар дили шаҳри Прага ва пойтахти ҷумҳурии Чех ҳоло як ресторани бузурги дорои китобхонаву намоишгоҳро бо аксҳои зебое аз Тоҷикистон печонидаанд.

Дар ин гӯшаи зебои таърихии Прага рӯзи сешанбе мусиқии тоҷикӣ ҳам танинадоз буд, зеро дар ҳамин рӯз Донишгоҳи Лаҳистон дар Прага намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Дар бораи Тоҷикистон, фароғат ва говҳои Апполония”- ро дар силсилаи “Фаромӯшшудаҳои зебо” ифтитоҳ кард.

Чеҳраҳои самимии бонувони тоҷик, пирамардҳои нуронӣ, духтаракони шармгин ва ҳамчунин кӯдакони маъюб аз ин аксҳо гӯиё ба аврупоиҳое менигаранд, ки ғолибан бисёре аз онҳо намедонанд, ки Тоҷикистон дар куҷост. Аксҳои зебои бузурги Тоҷикистон дар намоишгоҳ ҳосили дасти Кристина Крауз ва Войтек Островский аст, ки дуввумӣ аз маъруфтарин аксбардорони Лаҳистон маҳсуб мешавад.

Кристина Круз, муассиси намоишгоҳ
Кристина Крауз, баргузоркунандаи асосии намоишгоҳ ба хабарнигори шумо гуфт, ӯро беш аз ҳама самимият ва меҳрубонии бонувони тоҷик тасхир кардааст ва ин достонро қисса кард: “Чанде пеш дугонаҳои ман аз Тоҷикистон баргашта ва ба ман гуфтанд, ки мо барои шумо як каме пул овардем. Мо ба ту аз Тоҷикистон 200 доллар овардем. Духтарони деҳа хабар ёфтаанд, ки касе, камера ва дастгоҳҳои аккосии туро дуздидааст, аз ин рӯ 200 доллар ҷамъ карда ва ба ту фиристодаанд. Ман бо шунидани ин хабар гиристам, зеро медонам, ки 200 доллар барои зани тоҷик чӣ арзише дорад."

Кристина Крауз мегӯяд, ин подоши некиҳои ӯ ба занони камбизоати дар вилояти Суғд будааст, ки ҳоло бо кӯмаки як созмони хайрияи Лаҳистон клуби занон таъсис дода ва аз ҳисоби говҳои ба онҳо додаи муассисаи хайрия зиндагии худро сомон мебахшанд.

Аксҳои намоишгоҳ ҳам ҳосили сафари хонум Крауз ва Войтек Островский ба вилояти Суғд аст. Ҳарчанд дар тасвири Тоҷикистон дар намоишгоҳ муболиға шудааст, ки 80%-и занони русто бинобар муҳоҷирати шаҳваронашон танҳо мондаанд ва дар ин кишвари паси кӯҳи Қоф баъзан мардум ғизои кофӣ намеёбанд, аммо аксҳои намоишгоҳ воқеъияти сахтиҳои мардуми рустоҳоро нишон медиҳанд.

Яке аз бинандагони намоишгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дидани аксҳо ҳам мутаасир ва ҳам маъюс шудааст: «Ончӣ, ки Кристина дар инҷо гуфт, бисёр муаассир буд, воқеан қариб гиря мекардам. Ва бисёр афсӯс мехӯрам, ки дар инҷо сандуқи хайрияе нагузоштаанд, то барои он мӯҳтоҷон пул ҷамъ кунанд. Аммо дар воқеъ аксҳо бисёр зебоянд. "

Мусоҳиби дигари хабарнигори шумо, ки пеш аз ин доир ба Тоҷикистон чизе намедонистааст, мегӯяд, аксҳо бисёр хушаш омадаанд: “Бале ба ман бисёр хуш омад, барои мо мисли экзотика аст."

Пирамарди дуторнавоз, растаҳои бузурги тарбузфурӯшӣ ва бонувони тоҷики пироҳанҳои миллӣ ба бар агарчӣ барои ин хонум экзотика бошад, барои Даниел Фринта, досенти Донишгоҳи Карлови Прага фарҳанги ошноеро ба ёд меорад, ки дар Афғонистону Эрону Тоҷикистон дидааст. “Ин аксҳо ончиро ба ёди ман меорад, ки медонам. Ман дар манзилам хилъатҳои тоҷикии Бухорову Самарқандро дорам, ки манотиқи тоҷикнишини Ӯзбакистон аст. Дигар ин Эрони шарқиро ба ёдам меорад, ки дар онҷо ҳам ба ҳамин забон сӯҳбат мекунанд, ё дарӣ, ё забони тоҷикӣ. “

Андрей Залутский, сафири Лаҳистон дар Ҷумҳурии Чех
Ян Паства, сафири Лаҳистон дар Ҷумҳурии Чех, ки ӯ ҳам дар иҷрои барномаи хайрия дар Тоҷикистон саҳм доштааст, мегӯяд, барои ӯ пеш аз ҳама чеҳраҳои хандони аксҳо таъсиргузор будааст. “Эҳсоси нахустини ман ин буд, ки ман чеҳраҳои хандони одамонро медидам ва чеҳраҳои хандони одамони меҳрубонеро мебинам, аз дарёфти кӯмак хушҳол шудаанд. “

Албатта на ҳама чеҳраҳо дар аксҳои хонум Кристина Крауз ва Войтек Островский хандонанд, чеҳраи бачаи маъберо ҳам метавон дид, ки навмедона ба раҳгузарон даст дароз кардааст. Кристина Крауз, ки муштоқи бозгаштан ба Тоҷикистон аст, ин дафъа орзуи баландпарвозона ва зебое дорад: “Мехоҳам дар бораи орзуҳои занони тоҷик филме бардорам. Мехоҳам, ба рустоҳо рафта бо онҳо гуфтугӯ кунам. Онҳо дер боз шавҳарони худро надидаанд ва ман мехостам, номаҳоеро сабт кунам ва ба онҳо бирасонам, ки гӯё ин номаҳо ба онҳо аз ҳамсаронашон расидааст.”

Филм дар бораи бонувоне, ки хабар надоранд, ки аксҳои зебои онҳо як гӯшаи хурди Прага яке аз зеботарин шаҳрҳои Аврупоро зеботар мекунад.
XS
SM
MD
LG